зиндагинома

САИД ЗАМОНИДДИН-АДИМИ ШУҒНОНӢ
"Номам Замониддин, номи падарам Шоҳ Ҳусайн, касбу камолам деҳқонӣ, бар иловаи кори деҳқонӣ, шоирам."-аз забони худи шоир.
Зодгоҳаш деҳаи Пастихуфи ноҳияи Рӯшони Вилояти Худмухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Вай соли 1905 мелодӣ, дар ин ҷо таваллуд мешавад. Давраи таҳсилаш се сол будааст. Яъне дар синни ҳафтсолагӣ шомили мактаб шуда ва ба синни нӯҳсолагӣ мактабро хатм кардааст. Таълими хонаводагиро пеши падари бузургвораш фаро гирифтааст.
Маълумоти илмие, ки ӯ дар ин давра касб карда буд аз тафсири Қуръони азиму-ш-шаън, таърихи Равзату-с-сафо, 51 рисолаи илмӣ дар ҳикмат, риёзиёт, табийёт, мантиқ, иллоҳиёт, тасаввуф, ирфон, аз «Ихвону-с-сафо, аз Маснавии Мавлонои Балхӣ, «Ҳафт авранг»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ, кутуби мутааддади Носири Хусрав ва Нисобу-с-сибён дар илми аруз иборат буд. Китоби маъруфи Носири Хусрав «Ваҷҳи дин»-ро аз ёд медонист. Ба мутолиаи ашъори шоирони классикӣ диққати зиёд медод ва аз синни дувоздаҳсолагӣ шеърсароӣ оғоз кардааст.
Падари Сайид Замониддин Шоҳҳусайн бар минтақаи васеъе аз манотиқи кӯҳистони Бадахшон мақоми пириро, ки мақоми рӯҳонӣ дар силсила маротиби исмоилӣ аст, дошт ва дар ин мақом то аввалҳои солҳои таъсисиёбии системаи шӯравӣ боқӣ монда буд. Вале бо бар сари қудрат омадани системаи коммунистӣ ин хонавода таҳти фишори шадид қарор гирифт.
Фишори нахустин ба ин хонавода солҳои 1920-30 дар зодгоҳаш Хӯҷаободи деҳаи Пастхуфи ноҳияи Рӯшон ворид шуд. Ин буд, ки маҷбур шуд бо хонаводааш зодгоҳашро тарк кунад ва дар соли 1933 ба Афғонистон фирор намояд ва муддате дар деҳкадаҳои маркази Шуғнони Афғонистон бо мушкилоти зиёди зиндагӣ даст ба гиребон шавад. Сарсонию оворагӣ насиби Адими 28 сола гардид.
Чуноне, ки худаш ҳикоят кард, «дар замони салтанати Зоҳиршоҳ бар ду тарафи соҳили рӯди Ому чунон инзибот сахту қоим буд, ки аҳаде ҷуръат надошт, ки номи давлати Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравиро бар забон оварад, то чи расад ба рафту омад».
Ин буд, ки Саид Замониддин бо аҳли оилааш ба минтақаи сарде ба номи Шева, дуртар аз сарҳади шӯравӣ, фиристоданд ва чандин сол дар он ҷо бо мушкилоти зиёд зиндагӣ мекунад. Ӯ дар ашъораш ин мушкилотро чунин тасвир кардааст:
"Дар ин мулоқоте, ки бо ӯ доштам, синни муборакаш ба ҳаштоду ҳашт расида буд. вале ҳанӯз боқуват ва ҳофизаи шеърияш баланд буд."

Тавре ки худашон гуфтанд: «теъдоди ҷумлаи ашъорам тахмин ба ҳабдаҳ ҳазор байт мерасад. Тақрибан сеҳазор байт дар асари сабабҳои гуногун аз байн рафтааст».
Сайид Замониддини Адим бо он ки дар талотуми ранҷу машақат зиндагиро сипарӣ кардаст ва айёми ҷавониаш ҷуз бо ранҷ ба чизи дигар ошно набуд бо он ҳам ёдгориҳои шеърии арзишмандеро аз худ ба ҷо гузошт. Ҷамъан се асари шеъриро ба алоқамандони назми форс-тоҷик ба мерос гузоштааст, ки онҳо иборатанд аз: «Ашки ҳасрат» дар се ҷилд, «Дар дил ғубори Бадахшон» ва «Оҳанги ишқ» мебошанд. Назми Адим иборат аст: тарҷеъбанд, мусаддас, мухаммас, рубоӣ, ғазалҳои ишқӣ, баҳория, ҳазония, ирфонӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, адабӣ, илмӣ, интиқодӣ.
Дар асари бадбинии ҳасудон ва таъассубписандон ду маротиба дар гиру дори рӯзгор афтода, аз хонаву кошонааш табъид шудааст. Як маротиба ба муддати як сол, маротиби дуввум боз даҳ сол. Дусол зиндонӣ будааст. Баъди озод шудан аз ҳабси дусола аз ватани аслӣ-Шуғнон ба маркази Бадахшон як умр бадарға гардид. Дар бораи ин рӯзҳои сахту душвор шеъри зиёд дорад.
Бо ба сари кор омадани воли ҷадиди Бадахшони бегуноҳии Адими Шуғнонӣ собит гардид ва онро ҳамроҳ бо худи ӯ ба Кобул фиристоданд. Дар Кобул ӯ бо бисёрии равшанфикрон ва адибон ошноӣ пайдо намуд ва онҳо ба ӯ дасти ёрӣ дароз намуданд. Маҳз ҳамин адибон мулоқоти ӯро бо вазири адлия он замон - Саид Шамсиддин Маҷрӯҳ, ки яке аз нависандагони он давр буд, созмон доданд.
Вазири адлия Адимро хуш пазируфт ва амри бегуноҳии ӯро содир намуд ва баъд аз он таърих солҳои зиёдро дар Кобул сипарӣ намуд ва дар ҷамоатхони Тайманӣ барои шогирдон таълими мазҳабӣ медод.
Роҳ ёфтан ба ҳалқаи адабӣ, фарҳангӣ, иҷтимоиву матбуоти ҷадид аз як сӯ шеъри ӯро оғоз бахшид, мазмуни шеъраш ғанӣ шуд, шакли шеъраш қолабҳои ҷадид ёфт, шинохти бештаре аз шеъру шоир пайдо шуд.
Саид Замониддин Адим ҳамасри шоирони маъруфи Афғонистон Халилуллоҳи Халилӣ, Холмуҳаммади Хаста, Равнақ Нодирӣ, Андалеб, Зиё Қоризода ва дигарон буд.

Гарчанде Адим дар маҳфилҳои адабӣ, ҳунарӣ ва фарҳангӣ хуб истиқбол гардид ва эҳтиром ёфта, вале доғи заҷру осори ранҷи чандинсолашро ҳеҷ гоҳе аз чеҳрааш зудуда нашуд.
Дар китобчаи дигар чунин ёдовар мешавад, ки «ногуфта нагузорам, ки дар пешгуфтори аввали китобча низ ёдоварӣ намуда будам, ки зодгоҳи аввалиам дар хоки давлати советӣ буд, ба сабаби муқаддарот ва муқаррарот овора аз ватан шудам.
Дар мусофират ва ғурбати доимӣ умрам ба охир расид, тамоми умрам андар ранҷу заҳмат гузашт, аз тудаи заҳматкашонам, аз шарҳу тафсири ин ҳаводиси дилхарош мақдурам ва гунҷоиши ин авроқ нест». Ин ҳаводиси зиндагиашро дар як шеъре чунин баён мекунад:
Адим ба манзури пурқувват гардидани пайвандҳои маънавии халқҳо, рафъи фосилаҳо, густариши ҳар чи бештари якпорчагӣ ва ҳамдилии онҳо дар осораш суннат ва одоби сокинони ду кишваря шеърҳо офарида, ҳеҷ якеро бар дигаре болотару фозилтар тарҷеъ намедиҳад.
Ҳамаро дар офариниши бахшҳои гуногун илму фарҳанг, санъату ҳунар мусовй ва саҳим шинохт, дӯстии байни халқҳо ва ақвому қабоили сарзамини Тоҷикисгону Афғонистонро аз ҳама неъматҳои маънавӣ ва суннатии рӯзгори худ муқаддамтар донист. Ӯ бо қалами танқид аз беадолатӣ, бехуқуқии мардуми заҳматкаш, фақру бесаводӣ, фурӯши духтарон, густариши бангу афюн двр байни сокинони махаллии он тарафи дарёи Панҷ шикоят мекунад.
Хушбахтона, дар ҳоли ҳозир муносибати дӯстона ва ҳамҷавории байни Тоҷикистону Афғонистон тавре созмондиҳӣ шудааст, ки мардуми ин ду кишвар, тавре ки шоири ду соҳил Адими Шуғнонӣ орзу дошт, метавонанд озодона бо ҳам муносибати илмӣ, адабӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дошта бошанд ва дар рушду такомули он саҳим бошанд.
Адим сарвари сухансароёни аҳди худ буд, бо дигар олимону шоирон дар гирдоби бедодии ҳукмронони он давра афтода буд. Мушоҳидаи наздики зулму беадолатӣ ҳокимони маҳаллро дар вуҷуди ӯ чашму андешаҳои ӯро васеътар боз намуд.
Адбатта дар охири умр дар асари дигаргунихои ҳаёти иҷтимоию сиёсии кишвари Афғонистон, Адим то андозае аз оромии рӯҳӣ ва маънавӣ бархурдор гардид ва тавонист, ки аз ватани обоии худ дидан намояд. Ӯ мегӯяд: «Баъди чиҳилу ҳафт сол монанди хобу хаёл ватани маълуф, қавму қабоилро дида, муддати мусофиратам шашмоҳа таъхир афтод. Хотироти хуши фаромӯшношудании муддати мазкур дар китобчаи чудогона ёддоште дорам, дар шеърҳо низ аз он ишорат намудаам».
Мазомини ашъори Адим намоёнгари меҳру муҳаббат бо хешу пайвандонашон мебошад. Ӯ чандин бор ба Тоҷикистон мусофират намуд ва аз мусофират ба Тоҷикистон таассуроти хеле хуб дошт, хушҳолу сарфароз буд ва дар ашъораш тараққиёту пешрафти илму фарҳанг ва иқтисодиёти Тоҷикистонро ситоиш мекард. Аз мулоқоту сӯҳбатҳо бо аҳли илму адаб, шоирону нависандагони тоҷик хушҳол буд. Дар ашъораш аз шоирони маъруфи Тоҷикистон Мирсаид Миршакар, Мӯъмин Қаноат, Ҳалимшоҳ ва аз олими намоёни тоҷик, акдемик Муҳаммад Осимӣ ва дигарон кадрдонӣ кардааст.