Бе модарӣ балост!

Шамъи фуруғи хона фурӯзон зи модар аст ,
Меҳраш ба сони шуълаи хуршеди Ховар аст .
Нураш умедбахши дилу дидаҳои мост ,
Панди накуш аз ҳам чиз дилпазиртар аст .

Модар биҳишти мост, ӯ сарнавишти мост ,
Бемодарӣ балост, модар зи Кибриёст!

Арзандатар аз модари мушфиқ гуҳаре нест,
Пок аст, к - аз ӯ гавҳари покизатаре нест .
Дар мартабати хеш чу аз Оли Кибриёст ,
Ин ному ин мақом насиби башаре нест.

Модар биҳишти мост, ӯ сарнавишти мост ,
Бемодарӣ балост, модар зи Кибриёст!

Ширинтар аз каломи хушаш, чун калом нест,
Болотар аз мақоми баландаш, мақом нест .
Модар чу кимиёи ҳама дарҳои мост ,
Волотарин вуҷуд чу модар ба ном нест.

Модар биҳишти мост, ӯ сарнавишти мост ,
Бемодарӣ балост, модар зи Кибриёст;