хуш омадӣ!

Эй зоти хак ба сурати инсон, хуш омади, Аз амри кунъ ба олами имкон, хуш омади, Идроки кунх,зоди ту аз акл бартар аст, Ай мазх,ари тачаллии Яздон, хуш омади. Гуям ба хайри макдамат х,ар лахза, мархабо, Мавлои муъминони мухиббон, хуш омади. Чун нафхи сур пайкари афсурда зинда шуд, Рух,и равони ч,умла матехон хуш омади, Чонам фидои номи ту, эй шохи динпанох, Бунёди дину куввати имон, хуш омади. Хондам ба хукми шаръ китоби худойро, Ай кошифи муонии Куръон хуш омади. Максуди хеш ёфтам аз ояту хадис, Лубби лубоби дафтари девон, хуш омади. Чадди ту буда боби дари илми Ахмади, Асрори нотикони асосон, хуш омади. Мавзуъ равшан аст хадиси Fадири хум, Бо ин далили хуччату бурхон, хуш омади, Комилмуком ашрафи авлоди Фотими, Ноибманоб чумла имомон, хуш омади, Оли наби зи насли Али фотиминасаб, Аз хонадони сарвари мардон, хуш омади. Донам туро Имоми худованди рузгор, Пушту панохи ч,умла заифон, хуш омади. Дар гушахои тираи Ховарзамини мо, Чун курси офтоби дурахшон, хуш омади, Гарди Fубори тирагии шаб зудуда шуд, Вакти шафак чу субхи намоён, хуш омади, Нури имомат аст, зи руи ту ошкор, Тобанда нур ламъаи тобон, хуш омади, Х,ак,к,у хакикат аст Имоми замон туи, Хатми сухан ягонаи даврон, хуш омади. Авсофи чисми поки ту инсони коми ласт, Дарёи ч,уд манбаи эх,сон, хуш омади, Ай сулхчуй, бонии ислохи Шарку Fарб, Аз бахри хайри халк,и мусулмон, хуш омади, Мо баъди боздиди Самарканди дилписанд, Тибки хаёли ч,амъии адён, хуш омади, Олам хароб гашта зи авзои кушти хун, Бахри фуру нишондани туфон, хуш омади, Ояд садо зи синаи пурнури орифон, Равшвнчароги олами урфон, хуш омади. Х,ар ташналаб талаб зи ту оби бако кунад, Ай рахнамои чумлаи айвон, хуш омади, Гуяд Адим пайкари афсурда зинда шуд, Рухи равон, колаби бечон, хуш омади,