маддоҳ...

Дар хаёлам чуз хавои сарви болои ту нест, Вирди чонам рузу шаб чуз мадхи аълои ту нест. Дар саропои вучудам гайри савдои ту нест, Эй маро бар дил ба чуз фикру таманнои ту нест, Дидаро ку'х,ли басар хоки кафи пои ту нест. То ба уммеди висолат гаштаам бехонумон, Рахм кун бар холи зори ин гариби нотавон, Хам касам бо хар ду гесуят, ки хаст анбарфишон, Хар касе чуяд даворо аз хакимони чахон, Доруи дардам ба чуз аз доги гамхои ту нест.. Рузадорон интизори дидани мохи наванд, Судхорон аз барои чефаи дунё даванд, Чонфишонон аз барои васлат харгиз нагнаванд, Хар касеро пой сузад бар лаби дарё даванд, Сузи дилро мархаме чуз догу минои ту нест.